Дар вилояти Хатлон масъалаи таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пӯст ва пашм баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбари Ҷамъияти масъулияти маҳдуди Ширкати технология ва савдои саноати кишоварзии «Фусин Синйида»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Гао Джонг Тао масъалаи таъсиси корхонаҳои саноатии коркарди пӯст ва пашм дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Таъкид шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Чин дар марҳилаи кунунӣ бо суръат рушд меёбад. Бо мақсади баррасии маҷмуи муносибатҳои дуҷониба ва муайян намудани дурнамои рушди минбаъдаи онҳо Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бомуваффақият фаъолият дорад.
Раиси вилояти Хатлон иброз дошт, ки тақвият ва густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои Чин яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аст. «Мо ба бунёди муносибатҳои дарозмуддат, ки ба истифодаи самараноки иқтидори минтақаҳо мусоидат менамояд, манфиатдор ҳастем. Вилояти Хатлон рушди ҳамкории минтақавиро унсури муҳими рушди иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир медонад»,-баён дошт ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ — «Кӯлоб» (309,2 гектар) дар шаҳри Кӯлоб, «Данғара» (521 гектар) дар ноҳияи Данғара ва «Панҷ» (401 гектар) дар ноҳияи Ҷайҳун фаъолият менамоянд.
АКС: Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






