Дар вилояти Хатлон саршумор ва истеҳсоли гӯшти паранда зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон соли 2023 4 корхонаву фабрикаҳои парандапарварӣ бунёд ва аз ин ҳисоб саршумори паранда нисбат ба соли 2022 418 ҳазору 925 сар ва истеҳсоли гӯшти паранда 533 тонна зиёд гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар вилояти Хатлон 35 корхонаю фабрикаҳои парандапарварӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 929 ҳазору 218 сар паранда парвариш меёбанд.
Тибқи иттилои масъулини соҳа, то моҳи январи соли равон дар вилояти Хатлон истеҳсоли тухми паранда 36 миллиону 647 ҳазор донаро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 6 миллиону 471 ҳазор дона зиёд мебошад.
Аз 35 корхонаю фабрикаи парандапарварӣ 10 адади он ба истеҳсоли тухм ва 25 адади дигар ба истеҳсоли гӯшти паранда нигаронида шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






