Дар вилояти Суғд саноати кӯҳӣ-металлургӣ, нассоҷӣ ва коркард бештар рушд менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати илмӣ- истеҳсолии «Спирит»-и Федератсияи Русия Олег Люпак ва ҳайати ҳамроҳонаш вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Зимни вохӯрӣ масоили ҳамкории тарафайн ва густариши он баррасӣ шуда, аз талошу кӯшишҳои сарони ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар самти густариши ҳамкории мутақобила ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот байни ду давлат ёд оварда шуд.
Таъкид гардид, ки вилояти Суғд водии имконият ба ҳисоб рафта, ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар вилоят якчанд барнома ва лоиҳаҳои хурду бузург амалӣ мешаванд. Дар вилоят ба пешрафти соҳаи саноат, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату ивазкунандаи воридот таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳамасола корхонаҳои нави саноатӣ фаъол гардонида мешаванд.
Дар вилояти Суғд асосан саноати кӯҳӣ-металлургӣ, нассоҷӣ, коркард ва ғайра рушд намуда, воридсозии технологияи нав имкон медиҳад, ки ин бахшҳои соҳа боз ҳам равнақ ёбанд.
Ширкати илмӣ-истеҳсолии «Спирит» аз ҷумлаи муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, доираи фаъолияташ ҳамасола фарох мегардад. Ин ширкат асосан дар соҳаи саноати кӯҳӣ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида, бо истифода аз технологияи муосир бо коркарди партовҳои боқимондаи корхонаҳои маъдан металлҳои қиматбаҳоро ҷудо менамояд.
Ширкат азм дорад, ки ояндаи наздик бо шарикони худ аз Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Ҳамчунин ширкат дар омӯзонидани кадрҳо бо истифодаи технологияҳои нав саҳм гузошта, корҳои иктишофӣ – ҷустуҷӯӣ анҷом медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






