ДАРАХТ БИНШОН! Дар боғу гулгаштҳои шаҳри Гулистон дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуданд

Январь 13, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром идома дорад.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон хабар медиҳад, бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист, кормандони корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр», омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр дар боғу гулгаштҳои шаҳр дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуданд.

Интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти зебоибахшиашон ба шаҳр ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ба эътибор гирифта шуд.

Масъулин ният доранд, ки аз вазъи мусоиди обу ҳаво истифода бурда, маъракаи ниҳолшинониро тақвият бахшанд.

Бояд гуфт, ки шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо ба вазъи экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Гулистон

Январь 13, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад