ДАРАХТ БИНШОН! Дар деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан беш аз 1 миллион бех ниҳоли мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан парвариш мешавад
ДУШАНБЕ, 04.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан 1540 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли мевадиҳанда, ороишӣ ва сояафкан парваришу нигоҳубин мешавад. Дар ин хусус зимни шиносоии Раиси вилояти Суғд бо фаъолияти хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳр иттилоъ дода шуд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Анӯшервон», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳо дар ҷамоат ба ҳисоб меравад, зиёда аз 400 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳанда парвариш мешавад.
Хоҷагии ниҳолпарвар на танҳо хоҷагиҳои шаҳри Истаравшан, балки хоҷагиҳои вилояту ҷумҳуриро низ бо ниҳолҳои аълосифат таъмин менамояд.
Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоат ният доранд 5 гектар боғи нав ва 18 гектар боғу токзори кӯҳнаро барқарор намоянд.
Раиси вилоят зимни суҳбат барои истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар ниҳолпарварӣ, азхудкунии заминҳо, бунёди боғҳои нав ва истифодаи самараноки замин супоришҳо дод.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






