Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфҳои 5-6 ва 11-и муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе даври сеюми олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои синфҳои 5-6 ва 11 оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиада 28 январ ҷамъбаст мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки 3-4 феврал низ даври сеюми олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони синфҳои 7-8 ва 9-10-и муссисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯйи 13 фанни таълимӣ баргузор мешавад. Дар ин марҳилаи олимпиада 2049 нафар аз фанҳои ҷамъиятӣ — гуманитарӣ ва 2065 нафар аз фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ байни ҳам сабқат менамоянд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад






