Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Январь 12, 2024 16:57

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд, ки зимни он масъалаи мусоидат ба таҳкими робитаҳои иттилоотӣ муҳокима гардид.

Дар мулоқот рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи иттилоот, хусусан ҳамкории агентиҳои иттилоотии давлатии Тоҷикистон ва Туркия, инчунин  масъалаи ба имзо расонидани лоиҳаи Созишномаи ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва Агентии Туркия «Anadolu Ajansı» («АА»), инчунин ҷалби кормандони АМИТ «Ховар» барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ баррасӣ гардид.

Доир ба муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва имконияти сайёҳии он дар васоити ахбори оммаи Туркия таклифу пешниҳодҳои судманд карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2024 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид