Директори Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Сафири Эрон масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён рушди минбаъдаи робитаҳои ду давлат ҷавобгӯй ба манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳисобида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегӣ иттилоъ доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ дар мулоқот робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мусбат ва нақши роҳбарони олии ду давлати дӯстро дар пешбурд ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд муҳим арзёбӣ намуд. Хусусан инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, аз ҷумла иқтисоди “сабз”, фарҳангӣ ва сайёҳӣ барои ҳарду давлати ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим шуморида шуда, гуфта шуд, ки мавриди истифода қарор додани зарфият ва имконияти воқеии ҳарду мамлакат ба манфиати ҷумҳуриҳои ҳамҷавор мебошад.
Дар мулоқот доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд. Зимнан, иброз гардид, ки пешбурди робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии дигар давлатҳо яке аз авлавияти асосӣ дар фаъолияти ин ниҳоди муҳимми давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Маркази тадқиқоти стратегӣ бо якчанд ниҳоди таҳлилии Эрон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки аз густариши равобити илмӣ-таҳлилии ҳарду давлат шаҳодат медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён барои пазироӣ ва андешаҳои самимона оид ба дӯстии ду давлат изҳори сипос намуда, ба рушди робитаҳои шарикии дӯстона ва ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон баҳои баланд дод ва таҳкими онро ҳадафи асосии фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номид.
Алиризо Ҳақиқиён аз муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва таърихии мардумони Эрон ва Тоҷикистон ва аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз дошт, ки пешрафти Тоҷикистон- ин пешрафти Эрон мебошад.
Илова ба ин Сафир гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ пас аз расидан ба ин мақоми олӣ сафари якуми хориҷиашро ба Тоҷикистон анҷом дод, ки далели рушди робитаҳои қавии дӯстонаи Тоҷикистон ва Эрон мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






