Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон байни донишгоҳҳои тиббии Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро соҳиб шуд

Январь 30, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар рейтинги беҳтарин донишгоҳҳо, ки аз ҷониби Агентии мустақили аккредатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуда, дар номинатсияи беҳтарин донишгоҳҳои тиббии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро ишғол намуда, соҳиби сертификат гардид.  Ин маълумотро ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён намуд.

«Ин ҷоиза аз ҷониби ташкилоти байналмилалии IREG оид ба рейтинги академӣ ва ташаккул тасдиқ шудааст. Ташкилоти мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ HAAP ва IREG шомили Ассотсиатсияи аврупоии кафолати сифат мебошанд», -иброз дошт ректори донишгоҳ.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024   1793 муҳассили хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла дар сатҳи тодипломӣ 1772 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 11 нафар дар донишгоҳ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар Донишгоҳ таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида шуда, фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта мешавад. Миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 490 (60,9%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 207 (25,7%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 108 адад (13,4%)-ро ташкил медиҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Озмуни байналмилалии донишҷӯён ҷамъбаст шуд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»