Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Беҳтарин маркази қабулкунандаи имтиҳони сатҳи муайянкунандаи забони чинӣ» дониста шуд

Январь 11, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо унвони “Беҳтарин маркази қабулкунандаи имтиҳони сатҳи муайянкунандаи забони чинӣ (HSK)” байни беш аз 500 донишкадаи Конфутсийи ҷаҳон эътироф гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба ин муносибат ва бо мақсади ҳавасмандсозии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъоли Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинӣ  баргузор гардид.

Дар он ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва шунавандагону донишҷӯён аз Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети забонҳои Осиё ва Аврупои донишгоҳ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, толибилмон аз Синфхонаи Конфутсийи Гимназияи «Кафолат» иштирок доштанд.

Ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, бори дигар пешрафти ин соҳа яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати давлатӣ эътироф шуд. Бо назардошти арҷгузорӣ ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ва татбиқи мақсадноки ҳадафҳои олии давлатӣ дар соҳаи илму маориф моро зарур аст, ки заҳмату талош ва кору пайкори созандаамонро бештар амалӣ намоем.

«Ба ҳамагон маълум аст, ки давоми понздаҳ соли фаъолият Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти устувор гардонидани ҳамкории илмию фарҳангии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Чин, ҳамчунин рушди забони чинӣ нақши босазо мегузорад. Дар соли 2023 Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар сатҳи байналмилалӣ сазовор гардид, ки воқеан аз татбиқи бомароми раванди таълиму тарбия дар ин маркази илмию фарҳангӣ дарак медиҳад.

Ин дастовардҳо аҳли омӯзгорону кормандони Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллиро водор менамоянд, ки дар татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳи забономӯзии толибилмон фаъолияти пурсамар анҷом диҳад.

Бояд таъкид намуд, ки ҳамасола бо ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли таҳсил омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни фаъол бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани завқи забономӯзӣ, истифодаи усулҳои фаъол аз ҷониби раёсати Донишгоҳи миллӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дар идомаи чорабинӣ роҳбарият ва зумрае аз омӯзгорони донишкада бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва нафароне,  забони чиниро  хуб омӯхтаанд  бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Январь 11, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид