Дурнамои густариши робита байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Боку баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба байни шаҳрҳои Душанбе ва Боку дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Роҳбари ҳокимияти иҷроияи шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Элдар Азизов дар Боку баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад.
Иброз гардид, ки дар мулоқот мусоҳибон доир ба густариши равобит байни пойтахтҳои ду давлат –Душанбе ва Боку дар соҳаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ, башардӯстӣ ва варзишӣ, танзими сафарҳо бо иштироки ҳайатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Боку, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак табодули назар намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






