ДУШАНБЕ ДАР МАРҲИЛАИ БУЗУРГИ ШАҲРДОРИВУ ШАҲРСОЗӢ ҚАРОР ДОРАД. Расо 7 сол қабл дар ҳамин рӯз Рустами Эмомалӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2017 инҷониб бо ташаббус ва кӯшишу талошҳои муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе аз ҷиҳати зебоиву озодагӣ, инфрасохтор, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва боғу гулгаштҳои барҳаво ба яке аз шаҳрҳои зеботарин ва пешрафтатарин табдил ёфта, дар рӯйхати амнтарин шаҳрҳои дунё ҷой гирифтааст.
Давоми солҳои охир симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфта, бахусус меҳмонони хориҷӣ ва сайёҳон аз тамошои боғу гулгашт ва чаманзори он ба ваҷд меоянд ва ба ин шаҳри сабзу муосир дилбастагии зиёд доранд. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин бунёдкориву ободкорӣ, инчунин сохтмони садҳо иморати таъйиноти гуногун ва таъмини рушди бемайлони пойтахти мамлакат дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу ибтикороти созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мешаванд.
Имрӯз Душанбе дорои идораҳои зебо, биноҳои ҳукумативу Парлумон, вазорату сафоратхонаҳо, марказҳои илмию фарҳангӣ, муассисаҳои миёнаю олӣ, ташкилоту идора ва марказҳои гуногуни мамлакатҳои хориҷӣ буда, метавон гуфт, ки он хонаи умеди миллионҳо тоҷик ва қадамҷойи бузургони миллат гардидааст.
Дар рушду тараққӣ ва ободонию шукуфоии Душанбе хизматҳои Раиси ҷавони шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ таърихию беназир ва мондагору бузург аст. Инчунин ҷиҳати ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти мамлакат ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Тибқи маълумоти омории соли 2023, дар пойтахт зиёда аз 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 маркази дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 17 боғи фарҳангу фароғатӣ ва 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳангӣ ва 7 театри касбӣ, 10 осорхонаву 6 китобхона, 6 амфитеатр, 23 ёдгории бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 109 ширкати сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 мавзеи пойтахт, 1 Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ, кохҳои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Сурӯш», беш аз 306 муассисаи табобатию профилактикӣ ҷойгир буда, ҳамарӯза ба садҳо меҳмонони дохиливу хориҷӣ аз рӯйи талаботи онҳо хизмат мерасонанд.
Парчам бо баландии 165 метр маҳз дар шаҳри Душанбе қомат афрохта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт гардидааст, ки яке аз мавзеъҳои истироҳативу сайёҳии сокинону меҳмонони пойтахт мебошад.
Ҳамзамон дар пойтахт Кохи «Наврӯз», ки аз намунаҳои олии санъати шаҳрсозии муосир буда, таҷассумгари сабки хоси меъмории миллӣ ба шумор меравад, ҷойгир шудааст. Нақшу нигор ва унсурҳои фарҳанги ороишии он таърихи беш аз 6000-солаи фарҳангу тамаддуни халқи тоҷикро инъикос менамоянд ва он ҳамчун муъҷизаи муосири сайёҳӣ эътироф шудааст.


Инчунин дар пойтахт нақлиёти мусофиркашони ширкатҳои кироякаши таксӣ бо намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонида шуда, намои зиёда аз 310 бинову иншоот бо равшанидиҳии берунӣ таъмин шудааст.
Давоми солҳои охир бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси шаҳрдорӣ якчанд тадбири нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Воқеан пойтахт муаррифи давлату миллат буда, барои бегазанду беолоиш нигоҳ доштан ва ба оламиён ба таври шоиста шинос намудани он кормандони мақомоти давлативу ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар сокини ватандӯсти мамлакат вазифадору масъул мебошад.
Амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ тамоми ҷавонони мамлакатро водор месозанд, ки ба қадри Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи саросарӣ расанд ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми назаррас гузоранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
НАҚШИ БОРИЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН. Андешаҳо дар ин маврид
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ






