Эрон шумораи ҳалокшудагони ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Кирмонро 84 нафар муайян намуд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Эрон Аҳмад Воҳидӣ рӯзи панҷшанбе шумораи ҳалокшудагонро дар натиҷаи ду таркиш дар назди оромгоҳи собиқ фармондеҳи қисми махсуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ дар ҷанубу шарқи шаҳри Кирмон аз 95 то 84 нафар муайян намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Агентии иттилоотии донишҷӯёни эронӣ хабар додааст.
Аҳмад Воҳидӣ иттилоъ дод, ки шумораи маҷруҳон 284 нафарро ташкил дода, 220 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд, вазъи баъзеи онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарӣ вазнин мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чанде қабл, тақрибан соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ бо фосилаи 20 дақиқа дар замоне, ки садҳо нафар дар оромгоҳи Қосим Сулаймонӣ дар шаҳри Кирмон ба хотири гиромидошти ӯ ҷамъ омада буданд, ду таркиш рух дод.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






