Хазинаи китобии Консерваторияи миллии Тоҷикистон пурра гардонида шуд

Январь 6, 2024 15:37

ДУШАНБЕ, 06.01.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Ба китобхонаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов  аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 намуд маводи таълимӣ туҳфа гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин консерватория хабар медиҳад.

Дар байни ин мавод китобҳои дарсӣ, маводи нотавӣ аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои таълимӣ, хрестоматияҳо барои донишҷӯён ва дигар маводи таълимии соҳаи мусиқӣ мавҷуд мебошанд.

Бояд гуфт, ки иқдом бори дуюм доир мешавад.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи таҳиянамудаи устодони Консерваторияи миллии Тоҷикистонро нашр намуда, барои истифода дар раванди таълим пешниҳод менамояд.

АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон

Январь 6, 2024 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд