Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борону барфи бошиддат ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борону барф, дар баъзе ҳолатҳо бориши бошиддат ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук ва рӯзона 7+10 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барфи бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барфи бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал омада, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 6+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал меояд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барфи бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






