Имрӯз дар Душанбе маросими муаррифии коғазҳои нави қиматноки давлатӣ баргузор гардид

Январь 9, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии (Roadshow) коғазҳои нави қиматноки давлатӣ бо арзиши рақобатпазир дар бозори муташаккил баргузор гардид, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд созмондиҳандагони ин чорабинӣ буданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими муаррифии коғазҳои нави қиматноки давлатӣ роҳбарият ва масъулини Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои мамлакат, бахши хусусӣ, блоки иқтисодии мамлакат, ташкилоти қарзӣ ва сармоягузорон иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки ин тадбир ҷиҳати татбиқи вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардидаанд, андешида шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дастур дода буданд, ки бо мақсади ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати рушди бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки «сабз» ва бозори такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода дар маросими муаррифии барориши нахустини коғазҳои қиматноки давлатӣ иброз намуд, ки Вазорати молия тасмим гирифтааст, ки вомбаргҳои давлатиро бо арзиши бозорӣ ба муомилот барорад, то бо он тавонад ба воситаи муассири сармоягузорӣ, таъмини уҳдадориҳо ва идоракунии пардохтпазириҳо мусоидат намояд. Инчунин Вазири молияи Тоҷикистон шариконро даъват намуд, ки ин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Ҳамзамон Вазири молия муаррифии барориши коғазҳои қиматноки давлатиро дар биржаи фондӣ бо арзиши бозорӣ, ки 17 январи соли равон баргузор мешавад, хабар дод.

Инчунин Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бароиши коғазҳои нави қиматноки давлатиро барои муомилоти васеъ бо арзиши бозорӣ ба мақсад мувофиқ шуморида, гуфт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии ин масъала омода аст.

Ҳамзамон дар маросими муаррифии коғазҳои нави қиматноки давлатӣ мушовири маҳаллии Бонки Осиёии Рушд оид ба шартҳои эмиссия, механизми ҷойгиркунӣ ва бартарияти сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки коғазҳои қиматноки давлатӣ коғазҳои қиматноки боэътимод ва пардохтпазир буда, бо кафолати давлатӣ таъмин гардида, бо хавфҳои ниҳоӣ ҳамроҳ мешаванд. Барориш ва ҷойгиркунии коғазҳои қиматноки давлатӣ тавассути платформаи биржаи ваколатдор амалӣ мегардад. Харидорони коғазҳои қиматноки давлатӣ ҳам шахсони ҳуқуқӣ ва ҳам шахсони воқеӣ, аз ҷумла ғайрирезидентҳо шуда метавонанд. Барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ҳама барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ рамзи байналмилалии идентификатсионӣ (ISIN) дода мешавад.

Дар анҷоми маросими муаррифии коғазҳои нави қиматноки давлатӣ китоби фармоишҳо кушода шуд, ки он тавассути рамзи QR инъикос гардидааст. Дилхоҳ харидор метавонад барои харидани коғазҳои қиматноки давлатӣ фармоиши пешакии худро пешниҳод намояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 9, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд