Имрӯз дар Тоҷикистон борону барф ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 08.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борону барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 8+12 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 19-24 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддаи то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борону барфи тар ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борону барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, борон ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






