Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои молиявию бонкӣ, маориф, Академияи миллии илмҳо, кумитаҳои ҷавонон, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни суҳбат Пешвои миллат фаъолияти сохторҳои мазкурро пурра таҳлилу баррасӣ намуда, аз роҳбарони навтаъйин барои фаъолияти боз ҳам самараноку сифатноки ин сохторҳо масъулияту иродаи қавии роҳбарӣ талаб намуданд.
Тарбияи ҷавонони соҳибкасбу баландихтисос аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар ин замина тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд, — иброз доштанд Сарвари давлат.
«Бо такя ба неруи созандаи ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муассисаҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ мо метавонем дар оянда рушди устувори давлати худро таъмин намоем», — таъкид намуданд Президенти мамлакат.
Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии мамлакат, таваҷҷуҳи зарурӣ ба забономӯзӣ ва интихоби дурусти касбу шуғл, интихоб ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар зинаҳои гуногуни илм, дастгирии олимони ихтироъкору навовар, ислоҳот дар сохторҳои институту пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳо, алоқамандии илм ба истеҳсолоту ихтироот, ҳарчи зудтар таъмин намудани шароит барои пурра гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ, иқтисоди рақамӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат аз мавзуъҳои асосии суҳбат буданд.
Роҳбарони намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.
«Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол мутахассисоне зарур ҳастанд, ки баҳри пешрафту рушд ақлу заковат, маҳорат ва ҳастии худро дареғ надоранд»,- таъкид намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми мулоқот.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд






