Имсол раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити СПЕКА, ки 24 ноябри соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуда буд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати якҷо бо давлатҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчӯби Барнома муайян шудаанд, иброз намуданд.
«Ба туфайли ҳамкорӣ дар чорчӯби Барномаи СПЕКА давоми давраи сипаришуда мо таҷрибаи зиёд андӯхтем, ки онро метавонем барои мутобиқсозии фаъолияти он ба тамоюлҳои ҷаҳони муосир истифода барем», — тазаккур доданд Пешвои миллат.
АКС аз бойгонӣ








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






