Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯриҳо баргузор менамояд

Январь 12, 2024 16:23

ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Нашриёти «Шарқи озод» бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оид ба вусъати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҷаласа доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид гардид, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ намуда, чорабиниҳоро дар қаламрави ҷумҳурӣ тибқи нақшаи корӣ мегузаронад.

Иттилоъ дода шуд, ки баргузории мулоқотҳо ҷиҳати тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Иброз гардид, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон соли сипаригардида низ оид ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар шаҳрҳои Кӯлобу Хуҷанд, Хоруғу Истаравшан ва ноҳияҳои Фархор, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Ашт, Файзобод бо журналистони маҳаллӣ 15 мулоқот баргузор намуд, ки дар онҳо беш аз 300 нафар эҷодкорон иштирок намуданд.

Зимни мулоқот оид ба вазъи нашрияҳои маҳаллӣ, инъикоси дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ дар нашрияҳои шаҳрӣ, ноҳиявию вилоятӣ ва ба доираи васеи мухотабон расонидани маводи пурмуҳтаво суҳбати судманд доир шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 12, 2024 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад