Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи шаҳри Душанбе бо Фонди аврупоӣ дар соҳаи маориф ҳамкорӣ менамояд
ДУШАНБЕ,20.01.2024/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Фонди аврупоӣ дар соҳаи маориф Надежда Солодянкина ва Кристина Хемшемайер меҳмони омўзгорон ва донишҷўёни Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шуда, бо фаъолияти ин муассисаи таълимӣ аз наздик шинос гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Коллеҷи мазкур.
Ҳадафи асосии шиносоии намояндагони Фонди аврупоӣ дар соҳаи маориф бо фаъолияти Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ҳамкории мутақобила намудан ва тақвият бахшидани он дар оянда мебошад.
Меҳмононро раёсати Коллеҷ бо дастовардҳо, биноҳои таълимӣ ва раванди таълим шинос намуд.
Намояндагони Фонди аврупоӣ дар соҳаи маориф ба фаъолияти муассиса баҳои баланд дода, дар бораи ҳамкории тарафайни минбаъда ибрози назар намуданд.
Дар идома рӯнамои фаъолияти гуногунҷабҳаи Коллеҷ ба шарикони рушд муаррифӣ гардида, доир ба ҳамкории дуҷониба дар ояндаи наздик аз ҷониби тарафайн мубодилаи афкор гардид.
АКС:Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






