РУШДИ САНОАТ. Корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳаки шаҳри Душанбе дар асоси ашёи хоми ватанӣ фаъолият менамояд

Январь 19, 2024 08:54

ДУШАНБЕ, 19.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе сохтмони корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак вусъат меёбад. Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи экологӣ бунёд гардида, дар он зиёда аз 200 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҳсулоте, ки дар оянда дар ин корхона истеҳсол мегардад, ивазкунандаи воридот мебошад. Дар ҳоле, ки дар мамлакат корҳои сохтмонӣ дар авҷ аст, талабот ба чунин маҳсулот дар дохил хеле зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва истеҳсоли оҳак асосан дар асоси ашёи хоми ватанӣ, ки аз конҳои фоиданоки мамлакат истихроҷу дастрас мешавад, фаъолият менамояд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 10 январи соли равон дар ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум вакилон ­мас­ъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони корхона бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ шуда, дар он дар як сол 3 млн. метри мураббаъ маснуоти гилин, 3,5 млн. метри мураббаъ маснуоти сафолин, 40 ҳазор тонна маснуоти бетонӣ, 200 ҳазор метри мукааб маснуоти семент ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол мегардад.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён изҳор дошт, ки ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои амалишавии лоиҳа 40 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, муҳлати татбиқи он 10 сол муқаррар гардидааст.

«Лоиҳаи мазкур дар ду марҳила амалӣ мегардад. Марҳилаи якуми он аз санаи оғози корҳо, аз ҷумла интихоби майдони сохтмон, таҳияи асноди сохтмонӣ, сохтмон ва ­васлу насби маҷмааи иншооти техникӣ, дастгоҳу таҷҳизот барои истеҳсоли маснуот ва марҳилаи дуюм аз рӯзи оғози истеҳсолот то рехтан ва бастабандии маҳсулот, фурӯш ва содироти онро дар бар мегирад»,- илова намуд Комрон Исмоилиён.

Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд.


Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак дар шаҳри Душанбе дар асоси технологияи пешқадами ҷаҳонӣ бунёд ёфта, ба хотири ҳифзи табиат ва камтаъсир будан ба муҳити зист тамоми меъёрҳои экологӣ ба инобат гирифта шудааст.

Истихроҷу коркарди оҳаксанг дар корхонаи алоҳида, ки дар доираи ҳамин лоиҳа, дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб сохта мешавад, амалӣ мегардад. Коргоҳи истеҳсоли оҳаксанг дар масоҳати 4 гектар дар назди кони оҳаксанг бунёд ёфта, барои ба амалигардонии сикли пурраи истеҳсолот ва истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Тибқи лоиҳа, содироти тамоми номгӯи маҳсулоти корхона дар оянда дар назар дошта шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Точикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2024 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид