Кормандони Агентии омори Тоҷикистон дар Тошканд бо фаъолияти ҳамкасбон шинос шуда, табодули таҷриба намуданд

Январь 5, 2024 15:58

ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба рушди методологияи баҳисобгирии оморӣ, тадбирҳои баланд бардоштани сифати маълумоти омори расмӣ ва рақамикунонии низоми баҳисобгирии омор табодули таҷриба намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи асосии табодули таҷриба аз усулҳои ҳисоби саҳеҳи нишондиҳандаҳои омори соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдои хориҷӣ, сармоягузории хориҷӣ, низоми ҳисобҳои миллӣ ва муҳосибӣ, такомули доимӣ ва ҳамоҳангсозии маълумоти оморӣ бо низоми омори байналмилалӣ иборат буд.

Инчунин аз ҷониби ҳайат масъалаи ташаккули нишондиҳандаҳои маҳсулоти саноатӣ, ҳисоби индекси ҳаҷми физикии маҷмуи маҳсулоти саноатӣ, усулҳои баҳисобгирии фаъолияти истеҳсоли хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, ҳаҷми боркашонии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби хоҷагиҳои кишоварзӣ, такмили шаклҳои ҳисоботи омории соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист бо методологияи баҳисобгирӣ ва дастурамалҳо, тарзи гузаронидани таҳқиқоти интихобии соҳаи кишоварзӣ барои баҳисобгирии фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои аҳолӣ дар самти растанипарварӣ ва чорводорӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон масъалаҳо вобаста ба фаъолияти маркази муҳосибон, такмили нишондиҳандаҳои ҳисобҳои миллӣ ба стандарти нави байналмилалии СҲМ-2008, дуруст арзёбӣ намудани сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, ҷомадонӣ ва дигар сармоягузориҳо, усулҳои баҳисобгирии қарзҳою кумакҳои бебозгашт (грант) тибқи талаботи «Таснифоти намуди фаъолияти иқтисодӣ, тафсири 2», баҳисобгирии омори сайёҳӣ, инчунин такмили омори савдои хориҷӣ, аз ҷумла омӯзиши ҳисоби индексҳои ҳаҷми аслии содирот ва воридоти молу маҳсулот, таҳлили омори оинавӣ байни мамлакатҳои шарик матраҳ гардиданд. Аз ҷониби мутахассисони Агентии омори назди Президенти Узбекистон вобаста ба ин масъалаҳо тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод гардида, муҳокимаи мутақобила доир шуд.

Намояндагони мақомоти омори Тоҷикистон бо фаъолияти маркази муҳосибии Ассотсиатсияи хоҷагиҳои фермерӣ дар ноҳияи Уртачирчики вилояти Тошканд, инчунин ташаккули ҳисоботи оморӣ дар Ҷамоати деҳоти Қаросӯ ва натиҷаи фаъолияти мақомоти омори шаҳри Тошканд ва ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд шинос гардиданд. Инчунин бо директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Баҳодур Бегалов вохӯрӣ намуда, масъалаҳои тақвияти ҳамкории минбаъда ва таҳияи Ёддошти тафоҳумро барои вусъати ҳамкорӣ баррасӣ намуданд.

АКС: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 5, 2024 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид