Магистранти Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ дар Қазоқистон соҳиби Шоҳҷоиза ва медали тилло шуд

Январь 3, 2024 17:25

ДУШАНБЕ, 03.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Магистранти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Амонӣ дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуда, барандаи Шоҳҷоизаи мусобиқа ва медали тиллоии он гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ хабар доданд, дар олимпиадаи байналмилалии адабӣ намояндагони беш аз 60 мамлакати олам ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуда, ҷиҳати ба даст овардани пирӯзӣ рақобат намуданд.

Мақсад аз баргузории олимпиада- муаррифии чеҳраҳои ҷавони соҳиблаёқат дар самти илму адабиёти ҷаҳон дар байни мамлакатҳои қораи Осиё дар соли 2023 мебошад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 3, 2024 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст