«Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он». Таҳти ин унвон китоб чоп шуд

Январь 27, 2024 10:58

ДУШАНБЕ, 27.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он»- таҳти ин унвон дар нашриёти «Нури маърифат»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров монографияи муҳаққиқ, сиёсатшинос, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Диловар Саидзода ба нашр расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд. 

Дар асари мавриди назар хусусияти ташаккули сарварии сиёсӣ дар шароити Тоҷикистон мавриди таҳқиқу баррасии густарда қарор гирифтааст. Дар навбати аввал заминаҳои таърихию сиёсӣ ва назариявию методологии ташаккули сарварии сиёсӣ таҳлилу баррасӣ гардида, хусусияти муҳимми рушди ниҳоди сарварӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳқиқ гардидааст.

Ҳамчунин дар китоб раванди ташаккули мактаби сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор дода шудааст. Натиҷаҳои таҳқиқот барои ташаккули ниҳоди сарварӣ ва мактаби сарварии сиёсӣ аҳамияти илмию назариявӣ дошта, ба рушди Мактаби сиёсии Пешвои миллат заминаи илмӣ гузошта метавонанд.

Китоби «Мактаби сарварии сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва дурнамои рушди он» аз пешгуфтор, ду боб, панҷ фасл ва хулосаву феҳристи адабиёт иборат буда, ба муаррихон, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мегардад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Январь 27, 2024 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид