Маркази байниноҳиявии дилшиносии Истаравшан бо таҷҳизоти муосири тиббии «Ангиограф» таъмин гардид
СУҒД, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ»-и шаҳри Истаравшан бо таҷҳизоти муосири тиббии «Ангиограф» таъмин гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Таҷҳизот бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 1 млн сомонӣ аз хориҷи ҷумҳурӣ дастрас шуда, барои гузаронидани баъзе амалиёти хоссаи самти дилшиносӣ истифода мешавад. Барои истифодаи мақсадноки ин таҷҳизот мутахассисони маҳаллӣ дар муассисаҳои тиббии хориҷӣ аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд.
Бояд гуфт, ки сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои атрофи он минбаъд имкон доранд амалиёти гузоштани девора дар рагҳои хунгузарро бо нархҳои дастрас дар ин марказ анҷом диҳанд.
Қаблан барои ин амалиёт сокинони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он ба муассисаҳои тиббии маркази вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ, инчунин хориҷи мамлакат мерафтанд.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






