Маркази байниноҳиявии дилшиносии Истаравшан бо таҷҳизоти муосири тиббии «Ангиограф» таъмин гардид

Январь 21, 2024 10:29

СУҒД, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ»-и шаҳри Истаравшан бо  таҷҳизоти  муосири тиббии «Ангиограф» таъмин гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси  шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Таҷҳизот бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи беш аз 1 млн сомонӣ аз хориҷи ҷумҳурӣ дастрас шуда, барои гузаронидани баъзе амалиёти хоссаи самти дилшиносӣ истифода  мешавад. Барои истифодаи мақсадноки ин таҷҳизот мутахассисони маҳаллӣ дар муассисаҳои тиббии хориҷӣ аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд.

Бояд гуфт, ки сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои атрофи он минбаъд имкон доранд амалиёти гузоштани девора дар рагҳои хунгузарро бо нархҳои дастрас дар ин марказ анҷом диҳанд.

Қаблан барои ин амалиёт сокинони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он ба муассисаҳои тиббии маркази вилоят ва пойтахти ҷумҳурӣ, инчунин хориҷи мамлакат мерафтанд.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси  шаҳри Истаравшан

Январь 21, 2024 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Шахсоне, ки имкону тавони қурбонӣ карданро надоранд, анҷом додани ин амал барои онҳо шарт нест!»
Форуми байналмилалии «Занон ва об-2026» ба пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар соҳаи об мусоидат намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тақрибан 150 волонтёр барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҷалб шудаанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ҳифзи истиқлолу арзишҳои миллӣ даъват намуданд
«ҶАВОНОН — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиши идона баргузор гардид
Дар Норак ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи ҷавонон таҷлил гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон: «Танҳо давлатҳои дорои ҷавонони босаводу ватандӯст пойдор мемонанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошанд»
ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ҶАВОНОН АСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Сарвари давлат бахшида ба Рӯзи ҷавонон