Маркази барномаҳои байналмилалӣ: ҳуҷҷатсупорӣ барои таҳсил дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шуд

Январь 16, 2024 16:28

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистратура, аспирантура, докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар зиёда аз 50 давлати пешрафтаи ҷаҳон оғоз шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ба он довталабоне, ки дорандаи сертификатҳои байналмилали TOEFL, IELTS, Duolingo, Goethe, TOPIK ва донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, ҳуҷҷат супорида метавонанд. Хароҷоти таҳсил пурра аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад.

Дар баробари ин ҷиҳати таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои пешрафтаи Аврупою Амрико, Сингапуру Австралия ва дигар давлатҳои ҷаҳон аз рӯйи 9 ихтисос квотаҳо пешбинӣ шудаанд.

Дар зинаҳои аспирантура ва докторантура, коромӯзӣ ва ординатураи клиникӣ аз рӯйи ихтисосҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ квотаҳо пешниҳод шудаанд.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 1 марти соли 2024 идома меёбад.

Маблағи таҳсил, иқомат дар хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, стипендияи моҳона, роҳкирои донишҷӯён, мутобиқгардонӣ ба стандарти давлати дахлдор, барасмиятдарории раводид, нашри натиҷаҳои илмҳои таҳқиқоти илми довталабоне, ки аз санҷиши Комиссияи интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ мегузаранд, пурра пардохт мегардад.

Довталабоне, ки мехоҳанд ба тариқи бурсия ба донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил шаванд, метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» супоранд.

Талаботи асосӣ барои довталабон донистани забонҳои хориҷӣ ва дониши васеъ дар соҳаи интихобнамуда мебошад.

Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоянд.

Телефон барои тамос: +992 372 232359

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2024 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд