Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро 1686 нафар бо ихтисосҳои гуногуни коргарӣ хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 05.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлобро соли 2023 1686 нафар аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни коргарӣ аз рӯйи се самт ва 17 ихтисос барои касбомӯзӣ хатм намуданд, ки аз инҳо 737 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Тавре муовини директори марказ Бахтиёр Нурматов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар марказ бештар занону мардоне, ки умуман шуғл надоранд, новобаста аз синн ба шуғл фаро гирифта мешаванд.
Муассиса аз соли 2008 фаъолият намуда, дар ин давра бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддии он хеле тақвият ёфт.
Дар марказ ба занону духтарони бешуғл аз шаҳру минтақаи Кӯлоб ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, чакандӯзӣ ва бофандагӣ омӯзонида мешаванд.
Ҷавононе, ки марказро хатм менамоянд, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардида, аз рӯйи касбҳои омӯхтаашон дар дилхоҳ ҷой ба кор қабул мешаванд.
Марказ фаъолияташро аз рӯйи се самт: Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои мардону занони бекор, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва худмаблағгузорӣ амалӣ менамояд.
АКС: АМИТ«Ховар»








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






