МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Анҷир давои сулфа буда, хавфи бемориҳои дилро кам менамояд

Январь 29, 2024 16:41

ДУШАНБЕ, 29.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Меваи дарахти анҷир барои саломатии инсон бисёр муфид буда, агар аз он шарбат тайёр намуда биошоманд, сурфаи кӯҳнаро рафъ сохта, қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд. Ба гурда ва масона нафъ оварда, реги гурдаро меронад. Ин мева гурда ва хичакро аз чизҳои бегона пок месозад. Чунин изҳор медорад устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Малика Насруллоева.

Бояд гуфт, ки анҷирро тар мехӯранд, мехушконанд, аз он мураббо, консерв, полуда (ҷем) ва ғайра тайёр менамоянд. Моддаҳои ғизоии пурқимат на танҳо дар меваҳои анҷир, балки дар барги ин растанӣ низ мавҷуд ҳастанд. Анҷири тар 12 — 18 % ва анҷири хушк 55 — 70 % қанд, инчунин сафеда (6 %), оҳар (3 %), пектин (5,4 %), витаминҳои A, B1, В2, С, намакҳои органикӣ, оҳан, фосфор (263 мг%), калий, калсий, мис, магний, гликозидҳои антосианӣ, кислотаҳои пантотенӣ ва фолий дорад. Дар баргҳои растанӣ моддаҳои катрондор, кислотаи аскорбин, рутин ва равғани эфирӣ  мавҷуд ҳастанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, анҷир таъсири исҳоловар, пешоббарор ва балғамронанда дошта, сатҳи холестеринро дар хун паст менамояд.

«Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ниёгони мо бо анҷир бемориҳои зиққи нафас, сурфаи музмин, камхунӣ, бемадории организм, тапиши дил, бемориҳои меъда, ҷигар, гурда, сипурз ва ғайраро муолиҷа менамуданд»,-баён медорад ҳамсуҳбати мо.

Абуалӣ ибни Сино истеъмоли анҷирро ба одамони солхӯрда ва ашхоси аз бистари бемории вазнин хеста тавсия медиҳад. Меваи анҷир хосияти арақу пешобронӣ дорад. Ҷӯшоби баргҳои наврустаи анҷир давои хуби киҷҷаронӣ аст. Тухми анҷир исҳоловар мебошад. Дар «Махзану-л-адвия» омадааст, ки «беҳтарини анҷир ширини шодоби он аст, ки хоҳ сафед бошад ва хоҳ сиёҳ. Сафеди он ҷиҳати хӯрдан ва сиёҳи он ҷиҳати даво беҳтар аст. Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад. Ва чун ношто бихӯранд, маҷории ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом талъини батн намояд, шикамро мулоим гардонад».

Малика Насруллоева изҳор медорад, ки ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда ва камхунӣ истифода мебаранд.

«Чойи анҷирқоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар, пешоброн тавсия медиҳанд. Тухми анҷир давои исҳоловар аст. Шираи анҷирро барои муолиҷаи ҷароҳат ва гармича истифода мебаранд»,-афзуд мавсуф.

Бино ба маълумоти Чолинус, анҷирқоқ меъдаро тоза менамояд. Ба ақидаи Абуалӣ ибни  Сино, истеъмоли анҷир дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, ба гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро шифо мебахшад, ранги рӯйро тоза менамояд. Барги анҷир барои илоҷи шукуфа фоида дошта, онро ҳангоми саглес ва захмҳои гуногун истифода мебаранд.

Дар китоби «Канзи Шифо» омадааст: «Дар вақти сабз будани баргҳояш шохашро бишикананд ё баргашро бикананд, шир аз он ҷо бармеояд. Ҳамин ширро бо асал даромехта, хоҳ ба чашм бимоланд ва хоҳ дар чашм чаконанд, пардаи дар он  афтодаро, ки чашмро торик месозад, дафъ менамояд; инчунин ба сӯрохи гавҳараки чашм зардоб фуромада ва дар ҳолати ибтидо бошад, онро ҳам дафъ мегардонад; агар табақаҳои чашм ғализ, яъне дағал шуда бошанд, ба ҳоли аслиашон меоварад. Оби баргашро ба чашм бичаконанд, ҷӯшишҳои хоришовари пилкҳоро сиҳат мебахшад».

Малика Насруллоева иброз медорад, ки аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки истифодаи анҷир ба саломатии инсон нафъи калон мебахшад ва хавфи бемории дилро кам менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 29, 2024 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲИБКОРӢ. Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон беш аз 100 созишнома ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонидааст
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ТОҶИ ШАЪНУ ЭЪТИБОРАТ, ТОҶИКИСТОН, ЗИНДА БОД! Истиқлоли давлатӣ беҳин дастоварди инсонӣ аст, ки мо шарафманди он гардидаем
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус