МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон набояд барфи танаи дарахтони меваи донакдорро тоза намоянд, зеро он навдаҳоро ҳимоя менамояд
ДУШАНБЕ, 01.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳои фасли зимистон набояд барфи танаи дарахтони меваи донакдор аз барф тоза намуда шавад, зеро худи барф имконияти ҳимояи навдаҳои онҳоро дорад. Барф решаи дарахтонро бо намии дуру дароз таъмин месозад. Инчунин барфи ҷамъшударо бо хок ва хас якҷоя намуда, дар зери дарахт гузоштан лозим аст, то он тавонад дарахтро дуру дароз карахт нигоҳ дорад. Чунин маслиҳат медиҳад доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба боғпарварони мамлакат.
Ба гуфти мутахассис, дар ин шабу рӯз бояд яхобмониро мувофиқи талабот иҷро намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои дар хокбуда ва дар атрофи дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Ҳамзамон давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад.
«Он ҳашарот ва касалиҳое, ки дар дарахтон вуҷуд доранд, дар ҳарорати 10 дараҷа паст, яъне давоми як ҳафтаи сарди пурра нобуд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки дарахтон дар оянда ҳосили фаровон диҳанд. Аз ин рӯ, боғпарварон бояд аз ин имконият самаранок истифода баранд»,-изҳор намуд Ҳикматулло Назиров.
Мутахасссисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки яхобмонӣ имконият медиҳад дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор бе зарар гузашт, метавон ба ҳосили хубу босифат умед баст.
Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки агар дар фасли сармо замин яхоб хӯрад, дар мавсими киштукор намии муқаррарӣ пойдор мемонад, ҳашароти зараровар нобуд мешаванд ва таркиби хок аз оби захиравию сабзишӣ баҳраманд мегардад. Зеро оби захиравӣ фоидаи калон дошта, ба замини киштбобу корам қувват ва ба хок нармӣ мебахшад. «Манфиати яхобмонӣ дар он ифода меёбад, ки давраи гулкунии дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард»,-афзуд мутахассис.
Бино ба тавсияи мутахассисон, корҳои дигаре, ки иҷрои онҳо дар фасли зимистон бисёр муҳим аст, ин башаклдарории дарахтони боғҳои навбунёд, буридани навдаҳои дарахтони ҳосилдиҳанда, шудгори байни дарахтон, ба танзим даровардани ҳосилнокии онҳо ва додани нуриҳои органикию маъданӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки меъёри яхобмонӣ аз таркиби хок ва чуқурии обҳои зеризаминӣ вобаста буда, он шуруъ аз охири моҳи ноябр то моҳи феврал гузаронида мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд






