МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Вобаста ба он дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 20.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба пешгирии омилҳои номатлуб, бемориҳои сироятӣ, фарҳанги бегона ва ташаккули тарзи ҳаёти солим вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Вохӯрӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №51 ва №72-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба масоили марбут ба ҳамкории тарафайни мақомоти ҳифзи ҳуқуқу маориф ва оила баргузор гардид.
Иштирокдорон атрофи масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, муноқишаҳои байнимактабӣ, воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо, авбошии ноболиғон ва пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон ибрози андеша намуданд.
Инчунин оид ба машғул шудан ба варзиш, бурдани тарзи ҳаёти солим, донишомӯзиву хониши намунавӣ, эҳтироми волидону устодон, садоқату муҳаббат ба халқу Ватан, дурӣ ҷустан аз рафиқону ашхоси ҷиноятпеша ва амалҳои ғайриқонунӣ сухан гуфта, наврасонро ба омӯзиши илму маърифат ва рафтору гуфтори намунавӣ ҳидоят намуданд.
Иштирокдорон аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳову қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу оқибатҳои ногувори он, садамаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки ноболиғон мисолҳо оварда, аз дастоварду натиҷаҳо, рушду тараққиёт ва ободу зебо гаштани Ватан ёдоварӣ намуданд. Изҳор дошта шуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи наврасону хонандагон- ин таҳсили аъло ва рафтори шоистаи таҳсин мебошад.
Баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид дар дигар муассисаҳои таълимии пойтахт низ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» моҳи августи соли 2011 ба тасвиб расид. Қонун барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овардааст.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд






