МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН. Бо ин мақсад дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилаи вохӯриҳо доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо падару модарони донишҷӯёни факултетҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, вохӯрии навбатӣ бо волидайни донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтӣ ва химия доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ хабар доданд.
Ректори донишгоҳ вобаста ба зарурати баргузории вохӯриҳо иброз дошт, ки баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзандон, маърифатнок намудани онҳо, дар руҳияи муҳаббат ба халқу Ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани ҷавонон муҳим аст.
Гуфта шуд, ки ҳамасола дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи бисёр муҳим- зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон ва дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар идомаи ҷаласа натиҷагирӣ аз ҷараёни давомот ва натиҷаҳои ҷамъбасти сессияи имтиҳонӣ баррасӣ шуд. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи либоспӯшӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, таъкид гардид, ки донишҷӯёнро мебояд масъалаҳои фарҳангу этикаи либосҳои милливу муқарраргардидаи фаъолият дар муассисаҳои давлатӣ ва эҳтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд.
Ташкили муҳити маърифатӣ дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ пайдо нагардад, онҳоро бояд хуб тарбия намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.
Чунин вохӯриҳо бо мақсади мустаҳкам намудани робитаи дуҷонибаи муассиса ва оила баргузор шуда, ба тарбияи ҷавонони саодатманд мусоидат менамоянд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






