«МИЛЛАТИ СОЛИМ». Доир ба оғози фаъолияти ин лоиҳа мулоқот баргузор гардид

Январь 16, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 16.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони  Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба оғози фаъолияти лоиҳаи «Миллати солим» вохўрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мамлакат дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ якчанд лоиҳаҳо бомуваффақият амалӣ шуданд, ки ин нишонаи ҳамкории мутақобилан судманди бонк бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат мебошад.

Гуфта шуд, ки лоиҳаи «Миллати солим» дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, ҳадафи он боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар мамлакат мебошад.

Дар идома иштирокчиён доир ба самтҳои гуногуни лоиҳаи «Миллати солим» мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 16, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид