Мурат Нуртлеу бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд

Январь 26, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазир- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик шинос шуд.

Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Мурат Нуртлеу ва ҳайати ҳамроҳонаш тавассути сайри осорхонавӣ бо табиати биҳиштосо, таъриху фарҳанги пурғановат, расму ойин ва ҳунарҳои миллии халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Баъди сайри осорхонавӣ муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу ҳамчун анъана дар китоби таассуроти «меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ андешаҳояшро дарҷ намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 26, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад