МУСТАҲКАМКУНИИ СОҲИЛИ ДАРЁИ ПАНҶ. Дар Рӯшон 500 гектар замин ба кор андохта мешавад

Январь 8, 2024 16:14

ХОРУҒ, 08.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Рӯшон дар баробари обхезӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба шумор рафта, солҳои гузашта садҳо гектар замини кишоварзӣ ва нокорами ин ноҳия бар асари обхезӣ зери об мемонд. Ҳатто дар мавсими обхезӣ солҳои пеш фурудгоҳ,  роҳи  мошингард ва хонаҳои сокинони маркази ин ноҳияро оби дарёи Панҷ фаро мегирифт. Аммо дар се соли охир дар натиҷаи кумакҳои пайвастаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  хатари шусташавии соҳили дарё ва зери об мондани қитъаҳои замин бамаротиб коҳиш ёфт.

Сардори Муассисаи қитъаи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Рӯшон Хуҷаазиз Мируллоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки “то замони истиқлолият бо сабаби мавҷуд набудани техникаи пуриқтидор дар бештар маврид соҳили дарёи Панҷро аз сангҳои хурду реза бо девори муҳофизатӣ мустаҳкам менамуданд, ки он ба ҷараёни оби дарё тоб наоварда, зуд вайрон мегашт. Аммо дар айни ҳол бо истифода аз механизмҳои пуриқтидори муассисаҳои давлатию хусусӣ бо истифода аз кӯҳпораҳои азим садд бунёд менамоянд, ки ба қавли мутахассисони соҳаи беҳдошти замин садсолаҳо хароб намешаванд”.

Хуҷаазиз Мируллоев гуфт, ки «бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рӯшон роҳи алтернативӣ бунёд мешавад. Дар оянда ин роҳ маҳз аз канори дарёи Панҷ мегузарад. Ин тадбир аз ду ҷиҳат барои сокинони маркази ноҳия муҳим мебошад. Аз як сӯ, роҳи муносиби байналмилалӣ бунёд мегардад ва аз сӯи дигар, зиёда аз 400 гектар замини нокорам ба  кор андохта мешавад, ки бо ин даҳҳо оила ҳам соҳиби хона ва ҳам соҳиби замини наздиҳавлигӣ мегарданд».

Соли гузашта бо маблағгузории Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи Тагобҷангали деҳаи Дерзуд 115 метр садд аз нав барқарор шуд. Ҳамчунин дар  рӯдхонаи Разуҷ дар водии Бартанг сангу хок пок карда шуда, дар деҳаи Дерзуд долонҳои зиддитармавӣ сохта шуданд. Дар ҳарду тарафи соҳили рӯдхонаи Сипонҷ симтӯр кашида шуд. Дар се соли  охир зиёда аз 572 метр соҳили дарёи Панҷ  мустаҳкам ва бо ин садҳо гектар замини сокинони деҳот аз шусташавӣ наҷот дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли гузашта зимни мулоқоти бо фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани бавуҷудоии офатҳои табиӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниву устуворсозии инфрасохторро пурзӯр намуда, ҳар пора замини кишоварзиро оқилона истифода баранд ва бозори истеъмолии вилоятро бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ таъмин намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 8, 2024 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад