НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»: Болоравии ҳаққи хизматрасонӣ бозбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон нархномаи хизматрасонии таъминоти оби нӯшокӣ, рафъи партовобҳо, чарогоҳҳо ва полезӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» чун пештара амалӣ шуда, болоравии арзиш аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисории мамлакат бозбинӣ мешавад. Дар ин хусус директори генералии корхона Усмон Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Директори корхона иброз дошт, ки тарифҳои ҳаққи хизматрасонӣ вобаста ба партовҳои сахти маишӣ 1 октябри соли 2018 муайян шуда, то ба ҳол тибқи ин муқаррарот амалӣ мешаванд. Вобаста ба бозбинии тарифҳои ҳаққи хизматрасонӣ дар самти Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ваколатдори давлатӣ дар самти бозбинӣ намудани ҳаққи хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба шумор меравад, ки ҳоло дар ҳолати бозбинӣ аст.
Аз ҷониби корхона пешниҳод гардидааст, ки ҳаққи хизматрасонӣ то 15-20 фоиз боло бурда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 аз тарафи кормандони корхонаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 207 млн сомонӣ хизмати гуногуни коммуналӣ расонида шудааст. Дар ин давра аз ҷониби корхона ба суратҳисоби мақомоти андози шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ аз рӯи ҳамаи намуди андозҳо 47 млн 130 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






