НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Теъдоди парвозҳои транзитӣ тавассути масири ҳавоӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли 2023 хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар филиалҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», воқеъ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб дар баробари аэродроми шаҳри Душанбе ба маротиб беҳтар гардида, дар ин фурудгоҳҳо таҷҳизот ва системаҳои аэронагиватсионӣ таҷдид шуданд. Ҳамчунин дар фурудгоҳҳои маҳаллии ноҳияи Мурғоб, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ ва Ҷиргатол таҷҳизоти метеорологӣ бо панелҳои офтобӣ насб гардид. Дар ин хусус ба хабарнигорони расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ имрӯз зимни нишасти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ дода шуд.
Ба иттилои роҳбарияти «Тоҷикаэронавигатсия», бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соли 2023 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин хатсайри нав- ПОМИР-АГВУТ ифтитоҳ гардида, Созишномаи ҳамкорӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ ба имзо расид. Тибқи ин созишнома, таҷҳизоти зарурии аэронавигатсионӣ дастрас ва насбу васл шуд.
Дар баробари навсозии таҷҳизот ва системаҳои соҳавӣ роҳбарияти корхона дар доираи стратегияи дурбинонаи Ҳукумати мамлакат ба рушд ва тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Дар натиҷа Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Тошканд ва Созишнома оид ба ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозӣ байни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Самарқанд ба имзо расиданд.
Ба имзо расидани ҳар ду Созишномаи ҳамкорӣ боиси таҳкими иқтидор ва имконоти фазои ҳавоии Тоҷикистон, таъмини бехатарии парвозҳо, афзоиш ёфтани парвозҳои транзитӣ аз масири ҳавоии мамлакат гардид. Дар натиҷаи навсозии таҷҳизот ва системаҳои аэронавигатсионӣ, кушода шудани хатҳои парвозии нав тавассути фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи парвозҳои нақшавӣ ва транзитӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ давоми соли 2023 афзоиш ёфт. Соли сипаришуда теъдоди парвозҳои транзитӣ 2 ҳазору 360 адад ё ин ки 10 фоиз нисбат ба соли 2022 зиёд шудааст.
Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» давоми соли 2023 баҳри такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Корея, Сингапур ва Ҷумҳурии Мардуми Чин фиристода шуданд. Ин тадбир ба сифатан беҳтар намудани хизматрасонии аэронагиватсионӣ дар фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






