ОБОДӢ ВА ТОЗАГИРО АЗ ҲАР ХОНАВУ КОШОНА ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ аз ноҳияи Шуғнон манзур мегардад
ДУШАНБЕ, 20.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ман ба мардуми азизи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем. Ин иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки 28 декабри соли 2023 пешниҳод гардид.
Кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Шуғнон бо мақсади ҳамовозӣ ба ин муроҷиати Сарвари давлат ба ҳашар баромада, дар тозаю озода гардонидани маҳалли зисту ҷойи корашон саҳм гузоштанд.
Суратгузориш аз рафти баргузории ин ҳашар пешниҳод мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон


















Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






