ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби хатмкардагони мактаб муассисаи таълимӣ таъмир гардид
ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59, воқеъ дар деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода баъд аз таъмири мукаммал мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Ин иқдом аз тарафи ассотсиатсияи волидони муассиса гирифта шуда, хатмкунандагони солҳои пешини мактаб таъмири синфхонаҳои таълимгирифтаашонро ба уҳда гирифта, дар муддати кӯтоҳ анҷом доданд.
Ҳангоми амалӣ гардонидани ин ҳадафи созанда 9 синфхонаи таълимии муассиса ба таври замонавӣ аз таъмир бароварда шуда, дару тирезаҳо, мизу курсиҳо ва аёният пурра иваз шуданд. Дар баробари ин толори китобхона ва 6 утоқи кории роҳбарият ва хонаи омӯзгорон аз таъмири мукаммал бароварда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






