ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Хатмкардагони мактабҳои шаҳри Турсунзода дар таъмири муассисаи таълимӣ саҳм мегузоранд

Январь 19, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва  дастгирии хатмкардагони солҳои пешини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 59-и деҳаи Чиртаки Ҷамоати деҳоти Навобод таъмири синфхонаҳои мактаб идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Дар муассисаи таълимӣ дару тирезаҳои замонавӣ насб ва  синфхонаҳо бо тахтаи синф, мизу курсиҳои нав таъмин гардиданд.
Масъулин ва сокинон иқдом гирифтаанд, ки намои берунии муассисаро низ навсозӣ намуда, онро бо сифати баланд рангубор намоянд. Бо ин мақсад фаъолони деҳот ва устоҳои маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, корҳои таъмиру барқарорсозӣ босуръат идома доранд.

Мақсади асосӣ аз амалӣ намудани чунин иқдоми неку шоиста- фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои насли наврас буда, аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» сарчашма мегирад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Январь 19, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид