Ояндаи наздик дар Бадахшон корхонаҳои истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахш, мебел ва масолеҳи сохтмонӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 13.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар шаҳри Хоруғ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ки дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 ба шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд, ба роҳбарияти ин корхонаҳо ҷиҳати боз ҳам васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронида тавсияҳои судманд дода шуд.
Дар заминаи Парки саноатии шаҳри Хоруғ лоиҳаи корхонаҳои нави саноатӣ, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 ‐ солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд мегарданд, муаррифӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ ояндаи наздик корхонаҳои истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахш, мебел, корхонаи равғанбарорӣ, коркарди гӯшт ва истеҳсоли ҳасиб, коркарди ширу маҳсулоти ширӣ ва масолеҳи сохтмонӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд






