Президенти Тоҷикистон бо нигаронӣ изҳор доштанд, ки қонуни ҳифзи муҳити зист таҷдиди назар гардад

Январь 25, 2024 16:39

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 январ дар маҷлиси васеи  Ҳукумати мамлакат  аз риоя нагардидани тозагии муҳити зист дар шаҳру навоҳии мамлакат изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» таҷдиди назар гардида,  нисбат ба шахсоне, ки дарахту буттаҳоро беасос мебуранд, табиатро хароб месозанд, инчунин нисбат ба ронандагону мусофироне, ки ба табиат, аз ҷумла шафати роҳҳо партов меандозанд, меъёрҳои ҷазои сахт ворид шаванд.

Ҳамчунин зарур аст, ки аз берун ба шаҳри Душанбе ворид шудани ҳама гуна воситаҳои нақлиёте, ки намуди зоҳирии ифлос дошта, симои пойтахти мамлакатро коста мегардонанд, воситаҳои нақлиёте, ки газҳои зараррасони ихроҷкунандаашон аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад, инчунин дар ҳудуди пойтахт ҳаракати мошинҳои боркаше, ки масолеҳу борҳои интиқолшавандаи онҳо бо чодари махсус пӯшида нашудааст, қатъиян манъ гардад.

«Роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вазифадор менамоям, ки дар муҳлати шаш моҳ тозагиву озодагии иншооту биноҳо, ташкилоту муассисаҳо, кӯчаву хиёбонҳоро то манзили истиқоматии ҳар оила ва то дурдасттарин деҳоти мамлакат таъмин намоянд. Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ баъди ин муҳлат иҷрои супоришро ҳамаҷониба санҷида, ба Роҳбари давлат гузориш пешниҳод созад. Дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо доир ба иҷрои ин супориш роҳбарони ҳудуди дахлдор бетаъхир аз вазифа озод карда мешаванд», -таъкид намуданд Сарвари давлат.

«Имсол сафари расмии роҳбарони якчанд давлати хориҷӣ ба Тоҷикистон ва чорабиниҳои байналмилалӣ бо иштироки сарони даҳҳо давлати ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст. Вобаста ба ин зарур аст, ки ба масъалаи сабзкории пойтахт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва суръат бахшидани ободкориву созандагии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат эътибори боз ҳам бештар дода шавад», изҳор намуданд Президенти мамлакат.

 АКС аз бойгонӣ

Январь 25, 2024 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд