Президенти Тоҷикистон: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро ҳифз намоем»
ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки ҷашни Сада бо пешниҳоди Тоҷикистон 6 декабри соли 2023 дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Касанеи кишвари Ботсвана баргузор гардид, ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид шуд.
Дар идома таъкид гардид, ки ин рӯйдоди муҳимми фарҳангӣ боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти мамлакат ва гувоҳи равшани инсонмеҳварии ҷашнҳои миллии мо мебошад.
«Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллӣ ҷузъи муҳимми онҳо мебошанд, ҳифз намуда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем, — изҳор намуданд Сарвари давлат. — Кинаҳоро аз қалбҳо дур намудан, тозаву озода нигоҳ доштани хонаву кошона, сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбону гулгаштҳо ва ободу зебо намудани маҳалли зист аз суннатҳои дерини ҷашнҳои миллии мо, аз ҷумла Сада мебошанд».
Президенти мамлакат изҳори итминон намуданд, ки мардуми мо ин анъанаи некро ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ободии Тоҷикистон ҳамарӯза ва дар тамоми қаламрави мамлакат ба таври васеъ истифода менамояд.
АКС аз бойгонӣ








Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст






