Президенти Тоҷикистон: «Камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки тамоми имкониятро самаранок истифода намоем»
ДУШАНБЕ, 26.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем. Яъне, имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин шавад. Чунин изҳор доштанд 24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳарчанд соли 2023 фаровонии бозори истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо таъмин гардид, вале бо назардошти тамоюлҳои манфии иқтисоди ҷаҳон ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҳифзи амнияти озуқаворӣ минбаъд низ ҳамчун вазифаи муҳим боқӣ мемонад.
Бо мақсади амалисозии фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар ин самт мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.
Президенти мамлакат ин сохтору мақомотро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда тадбирҳои иловагии пешгирикунанда андешида, муътадилии нархҳоро дар соли равон таъмин намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд
Дар Душанбе беш аз 7 ҳазор қуттӣ сигори бе тамғаи аксизӣ ошкор гардид
Дар ноҳияи Муъминобод кишти такрорӣ идома дорад






