Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот намуданд

Январь 21, 2024 18:04

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки «Диёри Душанбе» ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардид.

Татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе зарур шумурда шуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо назардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии мамлакат ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.

Мулоқот бо Мудири бахши сармоягузории ширкати “Диёри Қатар” Аҳмад Муҳаммад Тайиб 21.01.2024

Январь 21, 2024 18:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд