Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо маҷмааи Бурҷи милоди Теҳрон шинос гардиданд

Январь 9, 2024 14:58

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Теҳрон бо  маҷмааи Бурҷи милоди Теҳрон шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иншоот дорои манораи алоқа бо баландии 435 метр аст, ки баландтарин бурҷи Эрон, шашумин бурҷи баланди мухобиротии ҷаҳон ва 24-умин сохтмони баландтарини ҷаҳон мебошад.

Бурҷи милод чун яке аз рамзҳои пойтахти Эрон ба далели баландӣ тақрибан аз ҳама гӯшаҳои шаҳри Теҳрон намоён буда, аз баландии манораи он манзараи зебои шаҳр ба назар мерасад.

Дар баландии 276 метр тарабхонаи чархзананда ва болотар аз он биноҳои асосии манора иборат аз 12 табақа ҷойгир шудаанд.

Сохтмони иншоот аз рӯи тарҳи меъмор Муҳаммадризо Ҳофизӣ дар масоҳати 62 гектар соли 1997 оғоз гардида, маҷмаа соли 2008 ифтитоҳ шудааст.

АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 9, 2024 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид