Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Ордени «Дӯстии халқҳо» сарфароз гардид

Январь 29, 2024 16:12

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев  мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар мулоқот таъкид гардид, ки асоси робитаи ҳасана байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Думаи давлатии Федератсияи Русия аз муносибати хуби сарони ҳарду давлати дӯст сарчашма мегирад. Сафарҳои Президентҳои Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ва ҳамин тавр намояндагони расмии сатҳи олии ду давлат ба мамлакатҳои якдигар барои боз ҳам густариш ёфтани ҳамкории дуҷониба дар тамоми арсаҳо заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид дошт, ки «муносиботи парлумонҳои ҳарду мамлакат тибқи Созишномаи ҳамкорӣ байни Думаи давлатии Маҷлиси федеролии Федератсияи Русия ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. Дар ин замина фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни парлумонҳои мамлакатҳои мо амалӣ мешавад, ки ҷиҳати тақвияти ҳарчи бештари мақомҳои олии қонунгузори мамлакатҳои мо кумак менамоянд».

Дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба паҳлуҳои дигари ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Русия изҳори назар шуд.

Дар интиҳои мулоқот Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев  ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода Ордени  «Дӯстии халқҳо»-ро тақдим намуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 29, 2024 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд