РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд

Январь 19, 2024 08:39

ДУШАНБЕ, 19.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» барномаҳои фарҳангӣ, аз қабили намоишгоҳ ва саёҳат ба маконҳои зебонманзари Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад.

Дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд форумҳо, аз ҷумла форумҳои минтақавӣ- бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ ва Африқо, инчунин Форуми занон, Форуми наврасону ҷавонон, Форуми бахши хусусӣ, форумҳои махсус- Форуми пиряхҳо ва Форуми об бо таваҷҷуҳ ба илм ва технология баргузор мегарданд.

Дар робита ба ин пешниҳод гардидааст, ки вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамоҳангсозони раванди омодагии Форуми об барои ҷавонон, Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамоҳангсози Форуми об барои занон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоҳангсозони Форуми пиряхҳо, Вазорати энергетика ва захираҳои об ҳамоҳангсози Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамоҳангсози Форуми минтақавӣ бо таваҷҷуҳ ба Африқо, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ ҳамоҳангсозони Форуми об бо таваҷҷуҳ ба илм ва технология, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамоҳангсози Форуми бахши хусусӣ муайян гарданд. Вазорату идораҳои гуфташуда дар ҳамкорӣ бо ташкилкунандагони форумҳо-созмонҳои соҳавии байналмилалӣ, минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд барои дар сатҳи баланд гузаронидани форумҳо бояд мусоидат намоянд.

Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим моҳи июн дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар конфронс иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинӣ таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 19, 2024 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд