Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти солонаи Президенти Швейтсария Виола Амхерд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар мулоқоти солонаи Президенти Швейтсария Виола Амхерд иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Президенти Швейтсария Виола Амхерд роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Швейтсарияро бо фаъолияти пурсамар табрик намуда, ба онҳо комёбиҳои нав орзу намуд.
Мулоқоти Президенти Швейтсария Виола Амхерд бо дипломатҳои хориҷӣ дар Швейтсария 10 январ дар бинои парлумон дар Берн баргузор гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария









Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд






